Kishore Kumar Hits

Safarmuhammad - METRO şarkı sözleri

Sanatçı: Safarmuhammad

albüm: METRO


Интизори метрои вафо нишастаӣ.
Ба садои ин тарона дил бубастаӣ.
Аз ҳуҷуми ғуссаи дубора хастаӣ!
Вале бирав
Ба самти нав!
Ғамгин нашав!
Оне, ки ту хостаӣ дар ин қатора нест.
Дар суроғи нолаҳои қалби пора нест.
Дар нигоҳи сарди ӯ шӯру шарора нест.
Вале бирав
Ба самти нав!
Ғамгин нашав!
Мерасад он экспреси ту ҳам!
Мешавӣ озод аз дарду ғам!
Бикушо ба сӯи фардо дар.
Бикун
Бовар!
Бикшо пар!
Дар дилат ғуссаи ӯро ҷо накун,
Рафт агар, заррае ту парво накун!
Аз чашмат ашки ҳасрат берун наёр!
Ёдашро дар сукути хотир супор!
Чашми ту
Дарёи бовари касе,
Тобанда ахтари касе!
Ба охири дилвопасӣ
Ту мерасӣ!
Мерасад он экспреси ту ҳам!
Мешавӣ озод аз дарду ғам!
Бикушо ба сӯи фардо дар.
Бикун
Бовар!
Бикшо пар!
Дар дилат ғуссаи ӯро ҷо накун,
Рафт агар, заррае ту парво накун!
Аз чашмат ашки ҳасрат берун наёр!
Ёдашро дар сукути хотир супор!

Поcмотреть все песни артиста

Sanatçının diğer albümleri

13

2022 · single

Benzer Sanatçılar